Дар Туркманистон 15 касро барои рақс дар ҷойи номуносиб аз кор ронданд
Дар Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи шаҳри Дашоғузро барои рақсидан дар назди акси раиси ҷумҳур Сардор Бердимуҳаммадов аз кор рондаанд. Дар ин кишвар аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури пешин, ки соли 2022 қудратро ба писараш Сардор супурд, “муқаддас” ба ҳисоб мераванд.
Бино ба хабарҳои дарёфтии бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳодиса 15-уми август рух додааст. Нимашаби ҳамон рӯз афсарони Кумитаи амнияти миллии Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи Дашоғузро ба ҷойи корашон даъват кардаанд ва ба онҳо амр додаанд...