Артиши Исроил гуфт, сарбозон дар канораҳои Ғазза ҷойгир шудаанд
Артиши Исроил рӯзи 20-уми август аз оғози амалиёт барои тасарруфи шаҳри Ғазза эълон дод. Эффи Дефрин, сухангӯи артиши Исроил, гуфт, сарбозон ҳоло дар канораҳои шаҳри Ғазза ҷойгир шудаанд. Шаҳре, ки ба қавли ӯ “такягоҳи ҳукуматӣ ва низомии террор”-и “Ҳамос” аст.
Дар ҳамин рӯз артиши Исроил гуфт, ки даҳҳо ҳазор сарбози навро барои омодагӣ ба амалиёт ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват мекунад. Фаластиниён дар Ғазза аз ин хабар бисёр ғамгин шудаанд, чун мегӯянд, умедвори оштӣ буданд.
Бо вуҷуди эълони оғози амалиёт дар шаҳри Ғазза ҳукумати Исроил гуфт...