Баҳси гарон будани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе. Сафир ҷузъиёт нашр кард
Сафири Туркия дар Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти фурӯши сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро дар Душанбе нашр карда, бори дигар таъкид намуд, ки барои поён бурдани нархи билет, бояд сӯзишворӣ арзонтар шавад.
Умут Аҷар, сафири Туркия 20-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ширкати "Туркиш эйрлайнз" як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе 1780 доллар мехарад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.
Умут Аҷар бо нашри ин омор навиштааст...