Дар Тоҷикистон аз ин пас нархи ангиштро ҳам назорат мекунанд
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд нархи ангиштро ҳам назорат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, ба номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимои зарурӣ, ки нархи онҳо бояд аз ҷониби ҳукумат танзим шаванд, ангишт ҳам илова шуд.
Бар асоси ин тартиб, "агар дар давоми як моҳ нархҳо беасос ба андозаи 20 дарсад ва зиёда аз он боло бурда шаванд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ сатҳи болоии арзиши молу маҳсулотро, ки дар рӯйхат зикр шудааст...