Тақсими "нодуруст"-и замин. Даҳҳо қарор бекор шуд, касе ҷазо гирифт?
Додситонии минтақаи Кӯлоб дар ним сол наздик ба 300 қарори раисони шаҳру ноҳияро дар бораи тақсими замин бекор кардааст, чун ҳамаи онҳоро “нодуруст” меҳисобад. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71 маврид бештар аст.