Кашфи 100 кило нашъа дар наздикии як гузаргоҳи марзӣ дар Суғд
Дар наздикии як гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд пинҳонгоҳи маводи мухаддирро ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, аз ин махфигоҳ дар марзи Узбекистон сад кило маводи нашъадор гирифта шуд.
“Шаҳрвандонеро, ки ба ин кор даст зада буданд, дарёфт карда натавонистанд. Мумкин онҳо пайхас карданд, ки аз қафояшон корбарӣ рафта истодааст ё ҳолатҳои дигар,” – гуфт Бахтиёр Тоиров, корманди Идораи мубориза бо маводи мухаддир дар Зарафшон.
Амалиёт дар гузаргоҳи Саразми Панҷакент бо Ҷартеппаи Самарқанд гузаштааст. Масъулон тафсилот надоданд...