Дар як моҳ беш аз 900 афғонистониро аз Тоҷикистон берун кардаанд
Ба гузориши нави Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират, аз 17-уми июл то 10-уми август қариб ҳазор афғонистонӣ аз Тоҷикистон ронда шудаанд. Ин созмон вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон ҳисоб мекунад.
Тибқи омори нави Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират, дар умум аз 17-уми июл то 10-уми август 1647 кас аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштаанд. Аз инҳо, ба иттилои манбаъ, 976 кас аз Тоҷикистон ихроҷ шуда...