Нашри китоби Аҳмади Иброҳим, ки як сол боз зиндонист
"Маҳмуди Торобӣ", китоби нави рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим аст, ки як сол пеш дастгир ва сипас ба даҳуним сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш гуфтанд, нусхаи аввали “Маҳмуди Торобӣ”-ро ба ӯ расонданд. Бунёдгузори нашрияи “Пайк” бо айбномаи ришва ва тундгароӣ дар зиндон аст. Худаш онро қабул надорад.