Добавить новость

Таъйини ҷазо барои таҳияву нашри маводи порнографӣ дар Қирғизистон

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, қонунеро имзо кард, ки бар асоси он дигар таҳияву нашр ва ҳифзи маводи порнографӣ ва тарғиби он ҷазо хоҳад дошт. Ҳадаф аз қонун, ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, муҳофизати арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаи Қирғизистон аст. Бар асоси қонун, ки рӯзи 11-уми август имзо шуд, дар Қирғизистон агар касеро бо маводи порнографӣ боздошт кунанд, аз 115 то ба 320 доллар ҷарима мебанданд. Ҷаримаҳои бузургтар барои фурӯши аксу видео ё дигар маводи порнографӣ таъйин шудааст.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта