Вазир: "Маҳбусони беморро табобат мекунем". Наздикони Одинаев: "Ҳанӯз азоб дорад"
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндонҳои кишвар ба ҳама маҳбусони бемор ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Изҳороти Музаффар Ашӯриён дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз чеҳраҳои шинохта аз бад шудани вазъи саломати наздиконашон дар зиндон шикоят доранд.