Вазорати адлия: Ҳизби сотсиал демократ дар бораи кораш ҳисобот надод
Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон гуфта мешуд, имсол дар бораи кораш ба Вазорати адлия ягон ҳисобот пешниҳод накардааст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия 7-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, онҳо низ намедонанд, ки чаро Ҳизби сотсиал демократ дар бораи кораш ба мақомот гузориш надодааст. "Мо дар ин масъала корбарӣ карда истодаем",-афзуд вазири адлия.
Баъди баста ва мамнӯъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015, Ҳизби сотсиал-демократ...