Маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова мусодира шудаааст
Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндонии тоҷик, ба фоидаи давлат мусодира шудааст.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон 7 август дар нишасти хабарӣ бо ишора ба инки, "ҷинояти содирнамудаи ӯ ба ҷиноятҳои махсусан вазнин" дохил мешавад, гуфт, ки "тибқи талаботи қонун", маблағҳои бонкии ӯ мусодира шуданд.
Аммо муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ҳаҷми ин маблағҳои мусодирашударо нагуфт.
Пулҳои Рухшона дар суратҳисоби бонкияш бештар аз 230 ҳазор сомонӣ гуфта мешуд.