Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон 31 кӯдаку наврас ҷон додаанд
Мақомоти интизомӣ дар Хатлон мегӯянд, танҳо дар шаш моҳи гузаштаи имсол, дар садамаҳои нақлиётӣ дар вилоят риштаи ҳаёти 31 тифл ва навраси то 16-сола канда шудааст. Дар барномае, ки Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 24-уми июл дар Фейсбук нашр кард, омадааст, ки миёни қурбониён 14 нафар кӯдаки то 7 сола ҳастанд. Бақия ва ё 17 нафари дигар кӯдакону наврасони то 16-сола будаанд.
Дар ин барномаи телевизионӣ гуфта мешавад, ки дар умум дар роҳҳои вилояти Хатлон дар ним сол 131 нафар...