Раиси Оҷонсӣ: мансабдорон баъди нафақа ба ҳаҷ раванд
Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, мақомдорони давлатӣ беҳтар аст баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.
Раиси Оҷонсӣ гуфт, қонунгузорӣ барои рафтани хизматчиёни давлатӣ барои адои маносики ҳаҷ маҳдудияте пешбинӣ накардааст, вале ба назари шахсии ӯ, мансабдорон баъди ба нафақа баромадан ин корро анҷом диҳанд хубтар аст.
"Хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ...