Барномаи ниҳоии варзишии Бозиҳои 20-уми тобистонаи осиёӣ тасдиқ шуд Шӯрои олимпии Осиё барномаи ниҳоии варзишии Бозиҳои 20-уми тобистонаи осиёиро, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд, тасдиқ кард. Тавре сомонаи Шӯрои олимпии Осиё хабар медиҳад, ба барномаи Бозиҳои 20-уми тобистонаи осиёӣ 41 намуди варзиш, ки 68 ришта ва 460 мусобиқаро муттаҳид месозад, шомил шудааст. Варзишгарон барои 217 маҷмӯи ҷоизаҳо дар мусобиқот байни мардон, 204 маҷмуи медалҳо миёни занон ва 39 маҷмӯи ҷоизаҳо дар рақобатҳои омехта мубориза мебаранд. Читать полностью...