"Баъди рейди 15 июл паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар тарсу ҳарос қарор доранд"
Дар ҳоле, ки мақомот дар Тоҷикистон ихроҷи эҳтимолии паноҳҷӯёни афғонистониро аз хоки ин кишвар аслан шарҳ намедиҳанд, бархе аз онҳо вуҷуди рейдҳоро тасдиқ карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоми 15 июл наворҳое пахш шуд, ки аз эҳтимоли зӯран ба микроавтобусҳо шинонда шудани паноҳҷӯёни афғонистонии сокини Тоҷикистон далолат мекунанд.
Рӯзи 17 июл тими хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Ваҳдат талош кард ба масъала рӯшанӣ андозад. Дар паи сӯҳбат бо 7-8 паноҳҷӯ маълум шуд, ки воқеан ҳам рӯзи сешанбе як чунин ба истилоҳ рейде барпо шудааст.