Баҳона барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия зиёдтар мешавад
Вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи санадеро қабул карданд, ки асос ва ё баҳонаҳо барои маҳрум сохтани хориҷиён аз ҳаққи шаҳрвандии кишварро зиёд мекунад.
Бар асоси қонуни нав, агар як шаҳрванди Тоҷикистон ё Узбекистон шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти сахте содир кунад, шиносномаи ӯро бечунучаро аз дасташ мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум мекунад.
Дар гузашта фаъолони сиёсӣ аз ҷумла аз Тоҷикистон ба мисли Каромат Шарипов ва Иззат Амонро бо иттиҳомоти қонуншиканӣ аз шаҳрвандии...