Ҳомии ҳуқуқ: Баъди ҳамла ба "Крокус" дар Аврупо ҳам ба паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ таваҷҷуҳ бештар шуд
Раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Надежда Атаева мегӯяд, баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав соли 2024 бархӯрд бо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар берун аз Русия ҳам хеле дигар шудааст: парвандаҳои зиёди аризадиҳандагонро барои паноҳҷӯӣ рад ва аз хоки Аврупо берун мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, шумори муроҷиаткунандагон ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд мешавад, вале на ба ҳамаи онҳо ёрӣ додан имконпазир аст, чунки мақомоти дахлдор дар Аврупо ҳарчи бештар аризаи паноҳандагиро рад мекунанд.