Шаҳрдори пуртарафдори Истамбул ба 1,8 соли ҳабс маҳкум шуд. Ин танҳо як иттиҳом аст
Додгоҳе дар Туркия раиси шаҳри Истамбул Акрам Имомоғлуро аз рӯи иттиҳоми таҳқир ва таҳдиди додситони шаҳр ба 1 солу 8 моҳ ҳабс маҳкум кард. Салоҳиятҳои Имомоғлу баъди ҳабси ӯ боздошта шуд ва ба иттилои матбуоти Туркия, айни замон, фаъолияти сиёсии Имомоғлуро маҳдуд накардаанд. Ҳабси Имомоғлу боиси эътирозҳои серҷамъияти тарафдоронаш шудааст.
Баҳонаи боз кардани парванда сӯҳбатҳои раиси шаҳр дар бори додситони калони шаҳри Истамбул Акин Гюрлек дар моҳи январи соли 2025 будааст. Имомоғлу, ки мухолифи...