Ниммарафони байналмилалии “Ҳафткӯл-2025”дар Панҷакент мегузарад
Рӯзҳои 1-3-юми августи соли равон дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткул-2025» дӯстдорони варзиши экологиву сайёҳии «трейлраннинг» (пиёдагардӣ дар масири кӯҳистон) аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзида, дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, ки «трейлраннинг» яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда ба ҳисоб меравад.