Шӯрои Аврупо 8 фард ва як ниҳоди эрониро таҳрим кард
Шӯрои Аврупо рӯзи 15 июл ҳашт фард ва як ниҳоди Эронро бинобар "нақзи ҳуқуқи башар" ва "саркӯбҳои фаромарзӣ", таҳрим кард.
Бар асоси баёнияи ин Шӯро, афрод ва ниҳоди таҳримшуда ба намояндагӣ аз ниҳодҳои давлатии Эрон дар хориҷ аз кшивар, дар эъдомҳо ва кушторҳои худсарона, нопадид сохтани афроде, ки мухолиф ё мунтақиди сиёсатҳои Ҷумҳурии ислом будаанд, даст доштаанд.
Ин баёния мегӯяд, ки феҳристи нав баёнгари нигарониҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи саркӯби фаромарзӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатии Эрон бо истифода аз афроди гумошта...