"Истиқлол" ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар Минск омода мешавад
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқоти гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Мински Беларус ҷамъомади таълимию тамринӣ доир намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ин ҷамъомад, ки зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дар Маркази омодагии олимпии “Стайк”-и Минск 12-уми июл шуруъ шуд, то рӯзи 24-уми июл идома хоҳад кард. Дар рафти ҷамъомад «Истиқлол» дар пойтахти Беларус бозиҳои санҷишӣ низ анҷом медиҳад.