Раиси сиёсати муҳоҷирати Приморйе: «Бе муҳоҷирон аз дасти мо коре намеояд»
Як мақомдори соҳаи муҳоҷират дар Русия ба зарурати будани нирӯи кории хориҷӣ ҳамчун омили муҳими иқтисодӣ таъкид кардааст. Михаил Сорокин, раиси Оҷонсии сиёсати муҳоҷирати минтақаи Приморйе дар як мусоҳибаи муфассалаш бо сомонаи маҳаллии «Владивосток1.ru» гуфтааст, «муҳоҷирон ба Русия бо мақсади кор мераванд, на барои эҷоди мушкил».
Михаил Сорокин дар ин сӯҳбаташ аз 15 июл, ки дар 18 саҳифа нашр шудааст, мегӯяд, Русия ба кори муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад ва соҳаҳои зиёде дар иқтисоди ин кишвар ниёз ба нирӯи инсонӣ доранд...