Дар Олмон мурофиаи табибе шуруъ мешавад, ки 15 беморашро куштааст
Дар шаҳри Берлини Олмон як табиберо муҳокима мекунанд, ки дар куштори барқасдонаи 15 муштариаш гунаҳгор мешавад. DPA менависад, табибе, ки бо методи паллиативӣ ё таскинбахш кор мекард, гуноҳи худро эътироф намекунад.
Дар мурофиа бояд назари 150 шоҳид пурсида шавад. Шояд мурофиаи додгоҳӣ то январи соли 2026 идома кунад. Табибро бар асоси шикояти хешовандони 13 қурбонӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Исми табиби гумонбар нашр намешавад.
Аз ин пеш Би-би-си бо такя ба хулосаҳои тафтишот навишт, ки барои куштани...