Боздошти марде дар Зафаробод барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш
Полис дар шимоли Тоҷикистон мардеро аз рӯи иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсараш гумонбар эълон кардааст. Исми ин хонавода маълум нест, вале дар хабари ВКД аз рӯзи 12 июл ҷузъиёти фоҷеа дар ноҳияи Зафаробод нашр шудааст.
Бино ба ин хабар, марди 34-сола “муддати зиёд” бо ҳамсари 28-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро ба худкушӣ расонидааст. Дар хабари расмӣ омадааст, ки “бинобар муомилаҳои бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш” рӯзи 10-уми июл зан дар оғилхонаи манзили истиқоматиаш худро дор овехтааст....