Ҳашт соли зиндон пас аз ихроҷ аз Олмон. Сарнавишти фаъоли сиёсии тоҷик
Додгоҳи ноҳияи Сино як фаъоли сиёсии тоҷикро, ки соли гузашта аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст. Дилмурод Эргашеви 40-соларо, ки 13 соли охир дар ин кишвари аврупоӣ мезист, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд.