Муовини раиси Фархор: "Тафтиш сабаби даст ба куштори фарзандон задани Ҳалимоваро маълум мекунад"
Аз фоҷиаи Фархор - ба дарё партофта шудани чаҳор фарзанд аз сӯи модарашон чор рӯз гузашт, аммо то ҳол ҷасади ду кӯдак ёфт нашудааст. Худи Мадина Ҳалимоваи 27-сола, ки дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст, дар боздоштгоҳ қарор дорад ва мақомот воқеаро тафтиш мекунанд. Ин зан гумонбар ба куштор аст. Парванади Мадина Ҳалимоваро додситонӣ ба ӯҳда дорад.
Мақомоти ноҳияи Фархор фақру нодорӣ ё мушкилоти рӯзгорро ҳамчун сабаби воқеа рад мекунанд. Дилбар Раҳматуллозода, муовини Раиси нохияи Фархор рӯзи 3-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт...