"Узвҳои дарунии баданаш набуд". Таҳқиқи ҷасади марди озарии дар полиси Русия кушташуда чиро нишон дод?
Дар расонаҳои ҷаҳонӣ шоми 1 июл навори боздошти дастаҷамъӣ ва интиқоли шаҳрвандони боздоштшудаи Русия дар Озарбойҷон намоиш дода шуданд. Ин наворҳо шабеҳи боздоштҳои муҳоҷирони кории собиқ Шӯравӣ дар Русия мебошанд, ки ин дафъа ба боздошти аъзои гурӯҳи муттаҳам бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ бахшида шудаанд.
Рӯзи сешанбе бо ишора ба боздошти шаҳрвандонаш Русия ба сафири Озарбойҷон дар Маскав эътироз баён кард. Аслан ташаннуҷ дар равобити Маскаву Боку ҳафтаи гузашта пас аз боздоштҳо...