Марги ду низомии рус дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи гузашта ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидаанд, яке ба гуфтаи мақомот худкушӣ кардааст, дигарӣ дар тасодуф ҷон додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода имрӯз хабар дод, ки Дамир Менклиеви 39-сола, корманди пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон “рӯзи 1-уми июл дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Лучоб” дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба дор овехтааст.
Сабабҳои худкушӣ маълум нест ва қазияро мақомот таҳқиқ мекунанд. Аз ин пештар ҳамин кумита эълон кард, ки Вадим Сиганов, сарбози пойгоҳи...