Тиратар шудани равобити Маскаву Боку баъди боздошти журналистони рус
Боздошти ду хабарнигори рус дар Боку ҷанҷол байни Озарбойҷон ва Русияро сахттар кард. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 30-уми июн дар идораи хабаргузории давлатии "Спутник"-и Русия тафтиш анҷом доданд ва Игор Картавих, мудири дафтар ва Евгений Белоусов - сардабири дафтари хабаргузориро, ки гӯё кормандони ФСБ ва ё Хадамоти амнияти федералӣ будаанд, дастгир карданд.
Боздошти ду хабарнигор бо дастони баста ва намоишкорона бурдани онҳо ба самти мошин, Маскавро асабонӣ кард ва сафири Озарбойҷонро ба вазорати корҳои хориҷии Русия хондаанд.