Паҳлавонони тоҷик дар Гран-Прии самбо дар Русия 4 медал гирифтанд
Гуштигирони тоҷик дар Гран-Прии самбо, ки рӯзи 28-уми июн дар Қасри самбои шаҳри Краснодари Русия доир гардид, чаҳор медал (як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Паҳлавони тоҷик Рамазон Биринҷов дар самбои размӣ байни мардон дар вазни 88 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Аммо Рамазон дар даври ниҳоӣ аз Абусупиян Алихонови русиягӣ мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Паҳлавони дигари тоҷик Шокир Мираков дар самбои размӣ байни мардон дар вазни 79 кило медали биринҷӣ гирифт.