Дар Русия симкортҳои хориҷиҳои сабтиномнашударо қатъ мекунанд
Шурӯъ аз имрӯз, 1 июл дар Русия иртиботи мобилии хориҷиҳоеро, ки аз санҷиши биометрӣ нагузаштаанд, қатъ мекунанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе пойгоҳи иттилооти давлатии “Минцифры” хабар додааст.
Ин муассиса гуфтааст, ки аз аввали соли ҷорӣ созиш бо ширкати мухобиротиро танҳо он шаҳрвандоне метавонанд имзо кунанд, ки дар Низоми ягонаи биометрӣ (Единая биометрическая система - ЕБС) сабтином шуда бошанд.
Дар ин ҳолат ҳар як нафар метавонад то 10 симкорти телефонӣ ҳам дошта бошад. То имрӯз, ба иттилои ин пойгоҳ...