Русия "виза"-и QR кодро ихтиёрӣ эълон кард
Сабти ном дар замимаи RuID ва гирифтани рамзи электронӣ пеш аз сафари Русия, ки дар аввал ҳатмӣ буд, ҳоло ихтиёрӣ унвон шудааст. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст. Айни ин хабарро дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд. Хабари ҷорӣ шудани низоми нави вуруд ба Русия нигаронии муҳоҷирони тоҷикро ба миён овард ва боиси баланд шудани нархи билети ҳавопаймо шуд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи Телеграммаш навиштааст, надоштани рамзи...