Ду медали тиллои гуштигирони тоҷик дар Туркия
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи паҳлавони машҳури турк Яшар Доғу, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо, ки рӯзҳои 26-29-уми июн дар шаҳри Коҷаэлии Туркия баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки миёни мардон аз рӯи 10 вазн сурат гирифт, варзишгарони беш аз 20 кишвар иштирок карданд. Ду паҳлавони тоҷикистонӣ ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф шуданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило дар даври ниҳоӣ...