Расонаҳо: Исроил ба даври нави ҷанг бо Эрон омода мешавад
Бо гузашти камтар аз як ҳафтаи оташбас миёни Исроил ва Эрон, баъзе расонаҳои Исроил иддао карданд, ки артиш ва ҳукумати ин кишвар ба ҷанги нав зидди Эрон омода мешаванд.
Сомонаи иқтисодии исроилӣ Calcalist 29-уми июн навишт, ки ба ниҳодҳои дифои Исроил равшан аст, ки бояд ба даври дигари ҷанг бо Эрон омода бошанд.
Ба гузориши Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, раҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони аршади низомии Эрон низ гуфтанд, ки ба оташбас бо Исроил итминон надоранд. Муҳаммадризо Нақдӣ, муовини ҳамоҳангсози Сипоҳи посдорони инқилоб...