Тафсилоти садамаи мудҳиш дар Суғд. Ду узбекистонӣ ҳам ҷон бохтаанд
Радиои Озодӣ баъзе тафсилоти тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро ба даст овард. Пеш аз зуҳри 28-уми июн се мошин дар наздикии деҳаи Хамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам бархӯрданд. Ронандаи яке аз мошинҳо сокини Мастчоҳ, дигарӣ аз Хуҷанд ва севумӣ шаҳрванди Узбекистон будаанд.
Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, дар пайи ин сонеҳа 7 нафар ба ҳалокат расид, ки ду нафарашон ноболиғ ҳастанд. Ин наврасон шаҳрвандони Узбекистон будаанд.
"Дар ин ҳодиса се нафар захмӣ шудааст, ки як нафарашон шаҳрванди...