Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон
Расонаҳои Лубнон рӯзи 27 июн аз ҳамлаи Исроил ба теппаҳои атрофи шаҳри Набтия дар 52-километрии ҷануби Бейрут, хабар доданд.
Ба гуфтаи артиши Исроил, ҳадафи ин амалиёт қароргоҳ ва анбори силоҳҳое буд, ки "Ҳизбуллоҳ" ният дошт онро бозсозӣ кунад. Сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки дар ин ҳамла "ҳеҷ сохтмони оддӣ ҳадаф набудааст".
Вазорати тандурустии Лубнон эълон кард, ки дар ин ҳамлаи артиши Исроил як зан кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, "дар ҳамлаи паҳбодии Исроил як...