Дар Арманистон 14 нафар бо иттиҳоми талоши табаддулот боздошт шудаанд
Мақомоти қудратии Арманистон 14 нафар, азҷумла чанд мунтақиди ҳукуматро бо иттиҳоми талоши табаддулоти давлатӣ боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо як руҳонии мунтақиди ҳукумат низ ҳаст.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфт, ки мақомоти қудратӣ аз як табадуллот пешгирӣ карданд. Пашинян доираҳои ҷиноятӣ ва руҳониёнро дар ин кор муттаҳам кард. Мухолифони ҳукумат ин боздоштҳоро таъқиби сиёсӣ гуфтанд.
Аз субҳи барвақти 25-уми июн пулис дар манзили аъзоёни ҷунбиши “Муборизаи муқаддас” кофтукоб анҷом дод.