Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати "Осмони боз" эълон кард
Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ сиёсати "Осмони боз"-ро эълон кардааст. Қарори ҳукумат 12-уми июн тасвиб шуда, Радиои Озодӣ ду ҳафта баъд бо нусхаи он шинос шуд.
Бар асоси тартиби нав, Тоҷикистон низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳоро бекор мекунад. Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон ё аз инҷо ба дигар кишварҳо, миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкатҳои давлати дигар баробар тақсим мешуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, инчунин бисёр маҳдудиятҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бекор карда мешавад.