Дар Русия даҳ "нозири шариат"-ро муҳокима мекунанд
Дар яке аз ҷумҳуриҳои умдатан мусулмоннишини Русия даҳ нафареро муҳокима мекунанд, ки мисли Толибон дар Афғонистон мардумеро, ки бар тибқи фармудаҳои шариат рафтор намекардаанд, ҷазо медоданд.
Бино ба гузориши Телевизиони «Настояшее Время» онҳо ба таъсиси созмони ифротгаро муттаҳам мешаванд. Раёсати тафтишот дар вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қабардину Балқар тафтишипарвандаи ин 10 нафарро рӯзи 24-уми июн ба поён расонда барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст.
Раҳбар ва муассиси ин гурӯҳ Асхат Чеченови 41-сола будааст.