1400 нафарро барои беэътиноӣ ба "Қонуни танзим" ҷарима бастаанд
Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо нафарро барои риоят накардани қонуни баҳсбарангез «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ба ҷавобгарӣ кашида ва аз онҳо миллионҳо сомонӣ ҷарима ситонидаанд.
Бино ба омори расмии Додгоҳи олӣ, соли 2024 додгоҳҳои Тоҷикистон 1435 парвандаи маъмурӣ барои риоят накардани ин қонунро баррасӣ карда, бештар аз 1400 нафарро ҷарима бастаанд. Бар ибораи дигар рӯзона дар кишвар 3 нафар барои беэътиноӣ ба қонуни мазкур ҷарима шудаанд. Аз ин афрод, ки бар хилофи қонун, ҷашни бошукӯҳе...