Нозири шабакаҳои барқиро барои фиреби муштариён ҷазо додаанд
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як корманди собиқи Шабакаи барқии ноҳияро барои қаллобӣ ва аз худ кардани пули муштариён ҷазо дода ва аз ҳаққи кор дар ин идора маҳрум кардааст. Додгоҳ рӯзи рӯзи 16-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, нозири ин идора фақат дар муддати ним соли кор 36 ҳазор сомонӣ ва ё 3600 доллар ҳаққи пули барқро ба ҷайби худ задааст.
Додгоҳ ному насаби ин фарди 32-соларо ошкор накарда, аз ӯ фақат А.М ва сокини Душанбе ном бурдааст. Ба қавли додрас Ҳокимбек Зиёзода, ин фард аз моҳи май...