Вазорати маориф сохтмони кӯдакистонҳои бештарро баррасӣ кардааст
Дар вазорати маорифи Тоҷикистон тарҳи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2026–2030» баррасӣ кардаанд, ки ҳадафи он фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бахусус кӯдакистонҳо аст.
Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 84% атфоли 3 то 6-сола, бахусус дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст, “бо сабаби таъмини нокифоя, афзоиши аҳолӣ ва набуди имкониятҳои иқтисодии волидон” маълумоти бунёдии томактабӣ дарёфт намкунанд....