Толибон рафтани ҷавондухтарон ба бозори марзии Тирмизро манъ кардаанд
Гурӯҳи "Толибон", ки қариб чор сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, рафтани занони то 40-соларо ба бозори наздисарҳадии Тирмиз манъ эълон кард.
Дар ин бора телевизиони Amu.tv бо такя ба сокинону фурӯшандаҳо хабар додааст.
Як тоҷири афғон гуфтааст, ки бо манъи вуруди ҷавондухтарон, ҳаҷми фурӯш ва тиҷорати онҳо коҳиш ёфтааст.
Толибон расман дар бораи манъи вуруди ҷавондухтарон ба бозор изҳори назар накардаанд.
Маркази байналмилалии савдои Тирмиз дар марзи Узбакистон ва Афғонистон соли 2022 ифтитоҳ ёфт.