Туркманистон барои берун шудани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад
Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар додааст, ки барои баромадани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад.
Ин ниҳод 16-уми июн дар хабарномае навишт, то имрӯз ҳудуди 120 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Руминия ва дигар кишварҳо, тавассути гузаргоҳҳои Туркманистон аз Эрон баромаданд.
"Онҳое, ки омадаанд, бо нақлиёт, хурокворӣ, меҳмонхонаҳо ва чизҳои зарурии рузгор таъмин карда шуданд," омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомоти Туркманистон гуфтаанд, баъд бад шудани вазъият дар Эрон...