Вазорати корҳои хориҷии Эрон музокироти ҳастаиро "бемаъно" хонд
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, идомаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ "бемаъно" аст. Ӯ бо ишора ба музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон гуфт, ки пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Эрон, "тарафи муқобил коре кард, ки гуфтугӯ бемаъно шуд".
Эрон ва Амрико то кунун панҷ даври музокироти ҳастаӣ баргузор кардаанд ва бар асоси эълони пешакӣ, қарор аст даври шашум рӯзи 15 июн дар Масқат, пойтахти Умон, баргузор шавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз ин гуфта буд, ки ба ин бовар аст,...