Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон ҳодисаи сӯхтори пурфоҷеа дар Подмосковеро меомӯзад
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ҳайатеро ба макони сӯхтори пурфоҷеа дар вилояти Подмосковеи Русия сафарбар намудааст, ки дар натиҷаи он панҷ фарзанди то 17-солаи оилае ҷон додааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе онҳоро оилаи тоҷикон номидаанд, вале маақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора ҳеҷ иттилое нашр накардаанд.
Назаралӣ Вализода, сардори шӯъбаи ҳуқуқи ин намояндагӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, ҳайати намояндагони ин идора барои таҳқиқи хабари...