Рақибони паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон муайян шуданд
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки 13-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) шуруъ мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон то рӯзи 19-уми июн идома хоҳад кард, иштироки 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам дар назар аст.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт...