Таҳқиқот: ФСБ метавонад корбарони Телеграмро назорат кунад
Пойгоҳи "Важные истории" дар таҳқиқоте навиштааст, баъзе коршарикони паёмрасони Телеграм ҳамзамон барои маҷмааҳои хадамоти махсуси Русия хизмат мерасонанд ва ин вазъ амнияти маълумоти корбаронро ба хатар мегузорад. Теъдоди истифодабарандагони Телеграм ахиран аз 1 миллиард гузашт.
Ба гузориши "Важные истории", ширкати Global Network Management (GNM)-ро, ки масъули хизматрасонӣ ба паёмрасони Телеграм аст, Владимир Веденеев роҳбарӣ мекунад.
Пойгоҳ менависад, Веднеев пештар ба ширкатҳои русии "Глобалнет" и "Электронтелеком" робита дошт...