Таҳқиқи тиббӣ: Истеъмоли пайвастаи нахӯди зард ба саломатӣ фоидаовар аст
Як таҳқиқи тиббии донишмандони амрикоӣ маълум кардааст, ки истеъмоли пайвастаи нахӯди зард ва лӯбиёи сиёҳ барои ҷиддан кам кардани холестероли бад ва илтиҳоб дар бадани инсон кӯмак мекардааст.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот ахиран дар ҳамоиши солонаи Ҷамъияти амрикоӣ оид ба таҳқиқи ғизо (American Society for Nutrition) дар Орландо муаррифӣ шудааст, ки ҳафтаи гузашта барпо шуд.
Донишмандон давоми 12 ҳафта ба бемороне, ки саломатиашонро дар ҳолати наздик ба диабети қанд ташхис кардаанд, нахӯду лӯбиёи сиёҳ додаанд.